БУРДУ БОХТҲОИ АФҒОНИСТОН

Декабрь 24, 2009 11:20

                  Кобул, 24 декабр. (АМИТ «Ховар» — афғонистон .ру). — Расо 8 сол пеш баъди ба охир расидани мӯҳлати президентии Бурҳониддин Раббонӣ Ҳамид Карзай президенти Давлати Исломии Афғонистон таъин гардид. Бо қарори конфронси дар Бонн баргузоргардида ҳамон вақт дар ин ҷо таҳти роҳбарии Ҳ.Карзай ҳукумати муваққатӣ ташкил карда шуд.                     Афғонистон дар ин муддат ду интихоботи президент, интихоботи Луя Ҷирга (Шӯрои олии пешвоёни қабилаҳо), қабули Қонуни асосии мамлакат, ташкил ва барқарорсозии артиши миллӣ, политсия ва ҷорӣ намудани принсипҳои озодии суханро аз сар гузаронд. Ҳамаи ин аз ҷумлаи дастовардҳои Афғонистон тӯли солҳои гузашта мебошад.                    Дар баробари ин дар давоми 8 соли ҳокимияти Ҳамид Карзай дар мамлакат вазъияти муташанниҷ боқӣ монда, истеҳсол ва қочоқи маводи нашъадор идома ёфта, ришвахӯрӣ авҷ гирифт ва мардуми мамлакат торафт қашшоқтар гардид.                     Ёдовар мешавем, ки Ҳамид Карзай моҳи августи соли равон ба мӯҳлати 5 соли дигар президенти Афғонистон интихоб шуд.

Декабрь 24, 2009 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид