ДАР БЕРЛИН МУЗЕИ МУНЗИМ ИФТИТОҲ МЕШАВАД

Декабрь 17, 2009 15:28

                  Душанбе, 17 декабря. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Хазинаи хайриявии байналмилалии «Савоб», ки бо ташаббуси профессор Олимҷон Бурҳонов аз соли 2002 инҷониб дар Тоҷикистон фаъолият дорад, ба таҳқиқ ва ҷамъоварии мавод бобати кору пайкори диаспораҳои миллату халқиятҳои хурди маскуни Тоҷикистон машғул аст ва бо мақсади тақвияти идомаи фаъолияташ чанде пеш шўъбаи худро дар Берлин таъсис дод. Ин кор бо дастгирии бевоситаи сафорати ҶТ дар Ҷумҳурии Федералии Олмон, депутатҳои Бундестаги Олмон ва Ҷамъияти дўстии «Олмон-Тоҷикистон» ба амал оварда шуд.                    Бояд зикр намуд, ки барои таҳқиқи минбаъдаи ин масъалаи дар Лоиҳа пешбинишуда, бо даъвати Садорати Донишгоҳи шаҳри Триери ҶФО профессор Олимҷон Бурҳонов ба Олмон даъват гардида буд.                   Олимҷон Бурҳонов дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки айни замон лоиҳаи эҳё ва ҷоннок намудани диаспораи миллати немис, ки дар рушди хоҷагии халқи Тоҷикистон аз нимаҳои солҳои чилум то аввали солҳои навадуми садаи бист хизмати шоистае кардаанду, баъд ба Ватани аҷдодии хеш – Ҷумҳурии Федералии Олмон кўч бастаанд, асоси кору фаъолияти Хазинаи хайриявии байналмилалии «Савоб» -ро ташкил медиҳанд.                   «Вохўрӣ ва сўҳбату мулоқотҳои мо вобаста ба таҳқиқи олмониҳое, ки ҳанўз охири асри 19 ва аввали асри 20 ба Россия ва дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шўравӣ кўч баста буданд ва ё дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба асорат афтода, то солҳои 90-и асри 20 сукунат намудаанд, аз ҷониби намояндагони парлумони (Бундестаги) ҶФО, олимони Донишгоҳи Триер, фаъолони ҷамъияти дўстии «Олмон — Тоҷикистон» ва шахсиятҳои дигари маъруфи кишвар мунсифона дастгирӣ ёфт. Онҳо имконияти васеъ фароҳам овардаанд, то ки ин мавзўъ ҳамаҷониба омўхта шавад», — идома дод профессор.                    Дар мулоқот бо ҳайати профессорону донишҷўён О. Бурҳонов аз хусуси ҳуқуқу вазифаҳои шаҳрвандони кишварамон дар замони соҳибистиқлолӣ ва кафолатҳои баробари конститутсионии ақаллиятҳои миллӣ дар Тоҷикистон лексия хонда, зикр менамояд, ки намояндагони дигар халқияту миллатҳои маскуни Тоҷикистон баробари тоҷикон ҳуқуқи интихоб кардану интихоб шудан дошта, аз рўи қобилият ва донишу малакаашон дар мақомотҳои роҳбарии ҳокимияти иҷроияи давлатӣ пешбарӣ ва кору фаъолият менамоянд.                    Бо он олмониҳое, ки беш аз си-чиҳил сол дар Тоҷикистон кору зиндагӣ доштанд низ сўҳбату вохўриҳои судбахш доир гардида, ба онҳо филми мустанад намоиш дода шуд, ки аз вазъи маҳалҳое, ки олмониҳо дар Тоҷикистон сукунат доштанд, нақл мекунад. Филмро коргардони маъруфи синамо, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марат Орипов таҳия намудааст.                     Гуфтанист, ки таваҷҷўҳи олимону донишҷўёни Донишгоҳи шаҳри Триер ба Тоҷикистон ва меҳру муҳаббаташон ба миллати тоҷик боз аз он ҷиҳат бештар гардид, ки дар Тоҷикистон ба қадри хизматҳои он немисҳое, ки дар ин ҷо манзили истиқомат доштанд, бунёдкорӣ кардаанд, мерасанд ва аз онҳо бо некию ҳисси миннатдорӣ сухан мегўянд.                    «Мо дар Берлин бо раиси Ҷамъияти дўстии «Олмон-Тоҷикистон», собиқ шаҳрванди Тоҷикистон Александр Хайзер, бо депутати Бундестаг оид ба масъалаҳои диаспораҳои немисӣ дар хориҷа Свен Ооле, мудири кафедраи этнологияи Донишгоҳи Триер, профессор Михаил Шейху ва чанде дигар шахсиятҳои маъруф мулоқотҳои судбахше доштем оиди вусъати ҳамкориҳои фарҳангӣ ва илмӣ. Ҳамзамон масъалаи дар назди Ҷамъияти дўстии «Олмон-Тоҷикистон» кушодани шўъбаи Хазинаи хайриявии байналмилалии «Савоб» ҳалли худро ёфт», — тазаккур дод О. Бурҳонов.                     Ӯ иттилоъ дод, ки дар ҳамкорӣ ва бо дастгирии Сафорати Тоҷикистон дар Олмон, депутатҳои Бундестаги ҶФО, Ҷамъияти дўстии «Олмон-Тоҷикистон» ва Хазинаи хайриявии байналмилалии «Савоб» дар назар дошта шуд, ки моҳи январи соли 2010 дар Донишгоҳи ба номи Гумболти шаҳри Берлин ба муносибати 135-солагии яке аз аввалин дипломатҳои тоҷик, шоир ва маорифпарвар, яке аз муассисони матбуоти инқилобӣ дар аввали садаи 20 дар Осиёи Марказӣ Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим конфронси байналмилалӣ доир карда шавад, ки дар он аз 17 давлат олимону муҳаққиқон даъват хоҳанд шуд.                    Аз Тоҷикистон низ чанд нафар олимоне, ки оид ба таърихи матбуоти тоҷик, кору фаъолияти дипломатӣ, шоирию рўзноманигории Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим тадқиқотҳо анҷом додаанд, ба ин конфронс даъват мешаванд.                    «Дар давоми сафар мо манзиле, ки дар он Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим дар Берлин ба ҳайси сафири Ҷумҳурии Шўравии Бухоро кору фаъолият дошт, ёфт карда шуд. Ният кардаем, ки онро ба Хона-музей табдил диҳем. Дар ин кор ба мо Сафорати ҶТ дар Олмон ва Ҷамъияти дўстии «Германия-Тоҷикистон» кўмак хоҳад кард», — гуфт дар хотима профессор О. Бурҳонов. 

Декабрь 17, 2009 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид