ДАР МАЙДОНИ «ДӮСТӢ» АРЧАИ 21 МЕТРА ОРОСТА МЕШАВАД

Декабрь 15, 2009 11:01

                  Душанбе, 15 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Барои истиқболи сазовори Соли нави мелодии 2010 дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт, арчаи солинавии баландиаш 21 метр ороста мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуотии Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.                     Ҷиҳати хотирмон истиқбол гирифтани Соли нави мелодии 2010 Раиси шаҳри Душанбе қарор ба тасвиб расонд, ки дар асоси он нақшаи чорабиниҳои идона таҳрезӣ гардид. Тибқи он 28 декабр дар толори Сирки давлатӣ чун анъана барномаи ҷолиб барои кӯдакону наврасон ташкил карда мешавад.                      Инчунин, аз соати 12 то 14 дар боғҳои фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ , «Дӯстии халқҳо», «Кӯли ҷавонон», ва Майдони «800-солагии Москва» чорабиниҳои дилхушии Солинавӣ ва сайругашти идона ташкил карда мешавад. 31 декабр бошад дар Майдони «Дӯстӣ» аз соати 20-то 22 шоу- консерти идона бо иштироки беҳтарин чеҳраҳои шинохтаи санъати эстрадаи тоҷик  ба шоми солинавии пойтахт ҳусни анҷом мебахшад.                       Баҳри пурнозу неъмат гардонидани дастурхони идонаи сокинони пойтахт аз 28 то 30 декабри соли 2009 дар бозорҳои шаҳри Душанбе ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар молҳои ниёзи мардум ташкил карда мешавад. Бо назардошти чорабиниҳои идона аз соати 18 то 23 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ аз чорроҳаи кӯчаи Шотемур то чорроҳаи кӯчаи Бухоро муваққатан манъ мегардад.

Декабрь 15, 2009 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд