ДАР СОХТМОНИ НБО «РОҒУН» САҲМ МЕГУЗОРАНД

Декабрь 16, 2009 12:48

                  Душанбе, 16 декабр. (АМИТ«Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар Ҷамъияти саҳҳомии «Тоҷиксодиротбонк» маҷлиси умумии он баргузор гардид. Дар маҷлис роҳбарони Шӯрои нозирон, мудирият, кумитаи иттифоқи касаба ва коргарони бонк иштирок намуданд. Иштирокчиёни маҷлис пешниҳод карданд, ки барои сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» маблағ ҷудо карда, инчунин саҳмияҳои он харидорӣ карда шаванд.                    Қарор дода шуд, ки аз ҳисоби маблағи бонк давра ба давра ба маблағи 5 миллион доллари ИМА саҳмияҳои НБО «Роғун» харида шавад.                     Раиси Шӯрои нозирони бонк Тоҷиддин Пиров ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки ҳамаи кормандони бонк ташаббуси сардори давлатро дар бобати расондани кӯмак ба сохтмони ин нерӯгоҳи бузург дастгирӣ намуданд.                      Тоҷиддин Пиров афзуд, ки аз ҳисоби буҷети оилавиаш саҳмияҳои Роғунро ба маблағи сад ҳазор доллари ИМА мехарад. Коргарони бонк низ изҳор намуданд, ки саҳмияҳои нерӯгоҳро давра ба давра ба маблағи 1 миллион доллари ИМА мехаранд.                     Айни ҳол дар «Тоҷиксодиротбонк» барои ташкили расондани кӯмак ба сохтмони нерӯгоҳ ситоди махсус ташкил карда шудааст. Коргарони бонк қарор доданд, ки рӯзҳои наздик ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ маводи озуқа ва либоси гарм харида, ба коргарони нерӯгоҳ тӯҳфа кунанд.                       Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки имрӯз инчунин иштирокчиёни маҷлиси умумии Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон масъалаи расондани кӯмакро ба сохтмони НБО «Роғун» мавриди баррасӣ қарор дод.                       Раиси иттифоқ Қудратулло Ҳикматов зикр кард, ки дар давоми соли 2010 миқдори муайяни саҳмияҳои нерӯгоҳ харида мешаванд. Инчунин аъзои иттифоқи оҳангсозони ҷумҳурӣ бахшида ба сохтмони НБО «Роғун» асарҳо меофаранд.                       Қайд карда шуд, ки аъзои иттифоқ имрӯз ба ҳисоби сохтмони НБО «Роғун» 570 сомонӣ гузарониданд.                      Дар Иттифоқи оҳангсозон гурӯҳи махсус ташкил карда мешавад, ки аъзои он ба маҳалли сохтмони нерӯгоҳ рафта, бо шароити зиндагӣ ва кори бунёдкорони он шинос гардида, дар бораи онҳо асарҳо эҷод мекунанд, гуфт Қ.Ҳикматов.   

Декабрь 16, 2009 12:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд