ДАРОМАДАН БА ҚАБУЛГОҲИ РАИСОН ОСОН ШУД

Декабрь 21, 2009 09:16

                  Душанбе, 21 декабр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар қабулгоҳи раисони шаҳру ноҳия милитсия сади роҳ намешавад.                    Президенти кишвар барои бемонеа ба қабулгоҳи раисони шаҳру ноҳия ворид шудани шаҳрвандонро тавассути як амри худ осон кард.                     Ҳангоми сафари кории навбатии Президент ба вилояти Суғд, ки дар аввалҳои моҳи декабр сурат грифт, Президенти ҷумҳурӣ ба роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо дастур дод, ки қабули доимии шаҳрвандонро ба роҳ монанд. Бо ин мақсад, постҳои милитсия, ки то ин вақт дар даромадгоҳи ҳукуматҳои маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳия вуҷуд дошт бо фармони вазири умури дохилаи ҷумҳурӣ бардошта шуданд.                    Акнун ба гуфти вазири умури дохила Абдураҳим Қаҳҳоров, саде, ки раисони ноҳия барои қабули шаҳрвандон гузошта буданд, бекор карда шудааст ва шаҳрвандон ҳамарӯза метавонанд бе мамониат ба қабулгоҳи раисони шаҳру ноҳия ворид шаванд.                      Бино ба гуфти вазир, вазифаи милитсионерони шӯъбаи посбонӣ танҳо назорати иншоот аст, на назорату рухсатдиҳии шаҳрвандон ба қабулгоҳи раис.  

Декабрь 21, 2009 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид