ДАСТАИ ФУТБОЛИ «ИСТИҚЛОЛ» САҲМИЯҲОИ РОҒУНРО МЕХАРАД
Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Дастаи футболи «Истиқлол», ки мавсими гузашта ба лигаи олии футболи Тоҷикистон роҳхат гирифта, соли 2009 барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид, дар байни дастаҳои футболи мамлакат аввалин шуда, ба даъвати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамовоз гардид ва қарор дод, ки ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ саҳмияҳои НБО «Роғун» — ро харад. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи баровардани саҳмияҳои НБО «Роғун» қарор қабул карда буд. Саҳмияҳои нерӯгоҳ аз моҳи январи соли 2010 сар карда, бо қимати 100, 500, 1000 ва 5000 сомонӣ ба фурӯш бароварда мешаванд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






