ДАСТГИРИИ ИТТИҲОДИ АВРУПО ДАР САМТИ ИСЛОҲОТИ ЗАМИН
Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ дар доираи Барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба ислоҳоти замин «Боигарӣ барои ҳама» муаррифии маводи иттилоотиву маърифатӣ баҳри кӯмак ба хоҷагиҳои деҳқонӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллӣ ва байналхалқӣ ва ташкилотҳои маблағгузор ширкат варзиданд. Зикр гардид, ки мақсади асосии Барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба ислоҳоти замин беҳтар кардани сатҳи амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии хоҷагиҳои маҳаллӣ ҷиҳати саҳми босамар дар амалӣ намудани ҷараёни ислоҳоти замин, таъмини дастрасии мардуми деҳот ба замин, хизматрасонии машваратӣ ва омӯзонидани онҳо ба идоракунии даромадноки хоҷагӣ мебошад. Мавриди зикр аст, ки барнома аз ҷониби ташкилотҳои «Арбитраж», АКТЕД ва «Ҷовид» амалӣ шуда, аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ба ҳаҷми тақрибан 2 миллион евро маблағгузорӣ шудааст.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






