ДИПЛОМАТҲОИ ТОҶИК ДАР НЕРӮГОҲ САҲМ МЕГУЗОРАНД
Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров). — Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония хабар доданд, кормандони сафорат аҳамияти стратегии сохтмони нерӯгоҳи барқии обии Роғун ва аз сохтмони он вобаста будани рушди минбаъдаи иқтисодии мамлакатро ба хубӣ дарк намуда, ҷавобан ба муроҷиати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифтанд, ба суратҳисоби НОБ-и Роғун музди меҳнати 3 рӯзаро интиқол диҳанд.Хамчунин кормандони сафорат ба маблағи музди меҳнати 1 моҳаи худ саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғунро харидорӣ мекунанд. Кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Озорбойҷон низ омодаанд дар сохтмони ин иншооти мухими стратегӣ саҳмгузор бошанд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дипломатҳои тоҷик дар Озорбойҷон бо ҳиссиёти баланди ватандӯстӣ музди маоши дурӯзаи кори худро ба сохтмони нерӯгоҳ интиқол карданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






