ДОДГОҲИ ҲАКАМИИ НАВ ДАР СУҒД
Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абубакр). — Дар назди Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд нахустин додгоҳи ҳакамии иқтисодӣ таъсис дода шуд. Ин ниҳоди ҷамъиятӣ аз додгоҳҳои иқтисодии давлатӣ бо он фарқ мекунад, ки баҳсу низоъҳои миёни шаҳрвандон, соҳибкорон, ташкилотҳо ва корхонаву муассисаҳоро бо тартиби содда, дар мӯҳлати кӯтоҳ, дар як зина ва муҳимаш, то ҳадди имкон бар нафъи ҳар ду ҷониб ҳал менамояд. Асноди мурофиаи шаҳрвандӣ мӯҳлати баррасии баҳсҳоро дар додгоҳҳои давлатӣ то се моҳ таъин карда бошад, дар додгоҳи ҳакамӣ ин мӯҳлат то ду моҳ муайян шудааст. Додгоҳи мазкур иборат аз панҷ ҳакам фаъолият мебарад ва муроҷиати даъвогарон ба он ихтиёрӣ сурат мегирад. Ҳакам низ барои ҳалли баҳс бо хоҳиши ҷонибҳои даъвогар интихоб шуда, ҳаққи хизмати додгоҳи ҳакамӣ 2 фоизи маблағи ҳаҷми моликияти мавриди баҳс, муқаррар шудааст. Мавриди ёдоварист, ки дар вилояти Суғд нахустин додгоҳҳои ҳакамӣ 3 сол қабл дар шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент ва ноҳияҳои Айниву Бобоҷон Ғафуров таъсис ёфта буданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






