ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК АЗ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ СТИПЕНДИЯ МЕГИРАНД

Декабрь 16, 2009 14:11

                   Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Имрӯз ба донишҷӯи факултаи химияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Хуршеда Икромова ва донишҷӯи филиали Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Фурӯзон Бобоев стипендияи ба номи Менделеев дода мешавад, ки онро Фонди Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти Евразия таъсис додааст.                     Ба донишҷӯёни мазкур дар давоми ҳар се моҳ 50 доллари ИМА дода хоҳад шуд, гуфт директори филиали Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Хуршеда Содиқова. Ҳадафи ин иқдом ҳавасманд сохтани донишҷӯён ба таҳсил, иштироки беҳтари донишҷӯён дар ҳаёти ҷамъиятӣ, омӯхтани забони русӣ ва ташвиқу тарғиби муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Русия мебошад. Стипендияи мазкур аз соли 2006 сар карда, дода мешавад.                     Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти Евразия моҳи майи соли 2005 ташкил ёфта буд. Ҳамон сол дар Тоҷикистон намояндагии он кушода шуд. 

Декабрь 16, 2009 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд