ДОСААФ БАРҚАРОР КАРДА МЕШАВАД

Декабрь 21, 2009 09:44

                   Душанбе, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). – Дар шаҳри Маскав дар Иттифоқи созмонҳои мудофиавии мамлакатҳои ИДМ анҷумани Иттифоқи созмонҳои ҳамёрии мудофиа баргузор гардид. Дар он намояндагони Озарбойҷон, Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат варзиданд.                     Аз Тоҷикистон дар анҷумани мазкур раиси Ҷамъияти мусоидат ба мудофиаи ҷумҳурӣ, муовини аввали раиси Шӯрои марказии Иттифоқи озмонҳои мудофиавӣ, варзишӣ ва техникии ИДМ Саиданвар Камолов иштирок дошт.                    Дар анҷуман номи созмон иваз карда ва оинномаи он қабул гардид. С. Камолов зикр намуд, ки бо қарори анҷуман номи пештараи созмон – ДОСААФ (Ҷамъияти ихтиёриёни мусоидат ба мудофиа, артиш ва флот) барқарор карда шуд. Ҷамъиятҳои ихтиёрии ҳамёрии мудофиаи мамлакатҳои ИДМ тӯли солҳои охир роҳи мустаҳкам намдунаи ҳамкориро пеш гирифтаанд. Ин ба ҳалли якҷояи вазифаҳо ва проблемаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, мудофиавӣ ва фарҳангӣ мусоидат мекунад.                    Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Иттифоқи созмонҳои мудофиавӣ 23 октябри соли 1991 дар заминаи ДОСААФ – и ИҶШС ташкил ёфта буд. Айни ҳол ҷамъияти мазкур зиёда аз 2700 шӯроҳои шаҳрию ноҳиявӣ, ҷумҳуриявӣ ва қариб 900 муассисаи таълимиро муттаҳид месозад, ки зиёда аз 5 миллион аъзо дорад. Муассисаҳои ДОСААФ ҳар сол барои Қувваҳои мусаллаҳи мамлакатҳои ИДМ бештар аз 200 ҳазор мутахассис тайёр менамоянд, дар мактабҳои ҷамъият ҳар сол қариб 1 миллиону 100 ҳазор нафар касбҳои техникиро аз худ мекунанд. 

Декабрь 21, 2009 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад