ДУЗДОНИ ҚУВВАИ БАРҚ ҲАТМАН ФОШ КАРДА МЕШАВАНД
Душанбе, 1 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Ширкати саҳҳомии «Барқи тоҷик» овозаҳоро дар бораи он ки гӯё дар Душанбе «устоҳои дузд» — и ширкат амал мекарда бошанд, қатъан рад менамояд. Тибқи овозаҳо, гӯё баъзе мутахассисони ширкат сохти ҳисобкунакҳои нави электронии қувваи барқро тағйир дода, бо ин роҳ ҳаҷми воқеии истифодаи қувваи барқро кам карда, нишон медода бошанд. Аз рӯи овозаҳо, «устоҳои дузди» ширкат барои чунин «хизматашон» аз мизоҷон аз 100 то 120 сомонӣ мегирифтаанд, — гуфт сардори дафтари матбуоти ширкат Нозир Ёдгорӣ. Вай зикр намуд, ки бо мақсади фош намудани чунин «устоҳои дузд» дар ширкати саҳҳомии «Барқи тоҷик» гурӯҳҳои махсуси тафтишотӣ ташкил карда шуданд. Ҳамаи участкаҳо ва биноҳое, ки дар онҳо ҳисобкунакҳои нави электронӣ насб карда шудаанд, тафтиш карда мешаванд ва дуздон ҳатман фош карда хоҳанд шуд. Зеро дар ҳисобкунакҳои нави электронӣ ғайр аз сурғучи онҳо схемаи махсуси муҳофизавӣ мавҷуд аст ва онро вайрон кардан имконнопазир мебошад. Ширкати саҳҳомии «Барқи тоҷик» аз аҳолӣ хоҳиш менамояд, ки агар дар бораи чунин ҳодисаҳо маълумот дошта бошанд, ба воситаҳои телефонҳои 295 – 307, 295 – 480 хабар диҳанд. Ному фамилияи маълумотдиҳандагон комилан махфӣ нигоҳ дошта мешавад, гуфт Нозир Ёдгорӣ.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






