Э. РАҲМОН БО ШУМОРАИ ЗИЁДИ НАМОЯНДАГОНИ ВАО ВА ШОИРОНУ НАВИСАНДАГОН МУЛОҚОТ НАМУД

Декабрь 9, 2009 08:16

                     8 декабри соли 2009 нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон бо шумораи зиёди намояндагони аҳли эҷод, аз ҷумла намояндагони воситаҳои ахбори умум ва шоирону нависандагон мулоқот намуд.                     Дар мулоқот масоили вобаста ба инъикоси мавзӯъҳои мубрами ҷомеа дар воситаҳои ахбори умум, аз ҷумла вазъи энергетикии кишвар ва татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба расидан ба истиқлоли энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ баррасӣ шуд.                     Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аҳли эҷоди мамлакат, пеш аз ҳама намояндагони воситаҳои ахбори умумро ба инъикоси воқеъбинона ва дурусти ҳадафҳои мазкур, дар сатҳи баланди касбӣ ва диду нигоҳи зебову расо омода кардани барномаҳои радиоию телевизионӣ ва маводи хабарию таҳлилӣ даъват намуд.                    Зимни мулоқоти ошкору самимӣ ва суолу дархостҳои сершумори аҳли эҷод, аз ҷумла аён гашт, ки имрӯз ҳамагон даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро оид ба саҳмгузории дастаҷамъона дар бунёди нерӯгоҳи тақдирсози Роғун ва татбиқи дигар ҳадафҳои стратегии ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунанд.

Декабрь 9, 2009 08:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид