Э. РАҲМОН БО ШУМОРАИ ЗИЁДИ НАМОЯНДАГОНИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ УМУМ ВА ШОИРОНУ НАВИСАНДАГОН МУ
8 декабри соли 2009 нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон бо шумораи зиёди намояндагони аҳли эҷод, аз ҷумла намояндагони воситаҳои ахбори умум ва шоирону нависандагон мулоқот намуд. Дар мулоқот масоили вобаста ба инъикоси мавзӯъҳои мубрами ҷомеа дар воситаҳои ахбори умум, аз ҷумла вазъи энергетикии кишвар ва татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба расидан ба истиқлоли энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ баррасӣ шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аҳли эҷоди мамлакат, пеш аз ҳама намояндагони воситаҳои ахбори умумро ба инъикоси воқеъбинона ва дурусти ҳадафҳои мазкур, дар сатҳи баланди касбӣ ва диду нигоҳи зебову расо омода кардани барномаҳои радиоию телевизионӣ ва маводи хабарию таҳлилӣ даъват намуд. Зимни мулоқоти ошкору самимӣ ва суолу дархостҳои сершумори аҳли эҷод, аз ҷумла аён гашт, ки имрӯз ҳамагон даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро оид ба саҳмгузории дастаҷамъона дар бунёди нерӯгоҳи тақдирсози Роғун ва татбиқи дигар ҳадафҳои стратегии ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунанд.








«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд






