Э. РАҲМОН МАШВАРАТИ КОРӢ ДОИР НАМУД
7 декабри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат ва дигар шахсони масъул оид ба омодагӣ ба интишор ва фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун ва ҳамчунин ҷамъоварии маблағҳои хайрия барои бунёди ин иншооти бузурги аср машварати корӣ доир намуд. Оид ба интишору роҳҳои ба харидорон пешниҳод намудани саҳмияҳо ва ҳамчунин ҳуқуқи саҳмиядорон гузориши Вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов шунида шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки саҳмияҳо бо сифати баланди хоси қоғ;азҳои қиматнок интишор ва ба фурӯш пешниҳод гарданд ва харҷи ҳадафманди маблағ;ҳои ҷамъшуда зери назорати қатъӣ гирифта шавад. Бо назардошти шумораи зиёди хоҳишмандоне, ки ғ;айр аз хариди саҳмияҳо омодаанд ба суратҳисоби нерӯгоҳи Роғун маблағҳои хайрия равона созанд, дастур дода шуд, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла дар назди филиалҳои маҳаллии бонкҳо марказҳои қабули маблағҳои хайрия кушода шаванд. Бо дархостҳои сершумори тоҷику тоҷикистониёни бурунмарзӣ супориш дода шуд, ки марказҳои қабули маблағҳои хайрия ва фурӯши саҳмияҳо ҳамчунин дар кишварҳои хориҷӣ кушода шаванд. Аз мардуми мамлакат бори дигар даъват карда шуд, ки аз ҳисоби кам кардани хароҷоти маъракаҳои хурсандӣ ва дигар расму ойин ҳарчи бештар дар маблағгузории сохтмони нерӯгоҳи Роғун саҳмгузорӣ намоянд. Роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла маориф, кор бо ҷавонон ва занону оила вазифадор шуданд, ки дар тарғибу ташвиқи ҳадафманди мардум ба саҳмгузорӣ дар бунёди нерӯгоҳи тақдирсози Роғун фаъол бошанд.








«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд






