ФАРОХОНИИ БУНЁДИ ХАЙРИЯИ ВАРОРӮД
Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар»).-Тоҷикистон дар остонаи як зимистони сахти дигар қарор дорад, дар ҳоле ки кишвар ҳамчунон даргири бӯҳронҳои молӣ ва энержист. Фақиртарин кишвари Осиёи Миёна дар зарфи зимистонҳои гузашта талафоти ҷонии фаровонеро мутаҳаммил шуд Тайи моҳҳои сарди зимистон милюнҳо тан дар саросари кишвар аз гармӣ, барқ ва оби ошомиданӣ маҳрум буданд; кӯдакон маҷбур буданд дар хонаҳояшон бимонанд ва барои муқобила бо сармо падару модарҳояшон кӯмак кунанд; камбуди хурокӣ ба мусибате бузург табдил шуда буд ва мағозаҳо маводи ғизоии кофӣ дар бисоташон надоштанд; бисёре аз кӯдакони навзод ба далели сармо ва набудани барқ дар бемористонҳову зоишгоҳҳо ҷон доданд. Зимистони сахт дар Тоҷикистон ба маънои густариши бемориҳову гуруснагӣ миёни мардуми он кишвар аст. Ҷолиб ин ҷост, ки Тоҷикистон дорои яке аз бузургтарин зарфиятҳои нерӯи обӣ дар ҷаҳон аст, аммо бештар аз ҳар кишвари дигар дар минтақа дучори камбуди барқ мешавад. Саранҷом давлати ин кишвар тасмим гирифтааст мавзӯъи итмоми сохтмони нерӯгоҳи Роғун канори рӯди Вахшро ҷиддӣ бигирад. Ин тарҳ, ки соли 1976 оғоз шуда буд, бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ мунҷамид шуд. Ваъдаи Русия дар мавриди такмили садди Роғун ба вуқӯъ напайваст, зеро Ӯзбекистон, мухолифи сарсахти тарҳ, Маскавро мунсариф кард. Ӯзбекистон роғиб нест, ки мавқеъияти истисноии худро дар сомонаи тавзеъи нерӯи минтақа аз даст бидиҳад. Тарҳи нерӯгоҳи Роғун шомили эҳдоси 6 дастгоҳи тавлиди барқи обӣ мешавад, ки дорои зарфияти тавлиди 3600 меговотт барқ ҳастанд. Такмили сохтмони садди Роғун ба масобеҳи поёни ранҷҳои зимистонии мардум хоҳад буд. Бунёди хайрияи Варорӯд дар Ландан аз ҳамаи башардӯстон ва ёрони Тоҷикистон мехоҳад, ки бо пардохти маблағ ба ҳисоби бонкии зерин ба тоҷикон кӯмак кунанд, то тарҳи Роғунро худашон ба анҷом бирасонанд:Vararoud Charitable TrustBank: NatwestBank Address : Madia Vale,Elgin Avenue Branch289 Elgin AvenueLondonW9 1JTCurrent Account Number : 64770249Sort code: 60-13-34 Бунёди хайрияи Варорӯд талош хоҳад кард, ки як кумисюни мустақил бар истифодаи ҳадафманду дақиқ аз манобеъи моли ҷамъоваришуда назорат кунад. Яке аз ҳадафҳои сабтшудаи Бунёди Варорӯд кумак ба раҳоии мардуми тоҷик дар саросари ҷаҳон аз фақру дармондагист. Лутфан ба решакан кардани фақру бенавоӣ дар кишвари зебои Тоҷикистон кумак кунед.