ФУТБОЛБОЗОНИ ТОҶИК ДАР ЛИГАИ ҚАҲРАМОНОНИ ОСИЁ ШИРКАТ МЕВАРЗАНД?

Декабрь 1, 2009 16:30

                  Душанбе, 1 декабр. (АМИТ «Ховар»,Пайрав Назаров). – Федератсияҳои футболи 12 мамлакати Осиё барои иштироки дастаҳои мунтахаби футболи худ дар мусобиқаҳои Лигаи қаҳрамонони Конфедератсияи футболи Осиё ариза доданд. Тоҷикистон ҳам аз ҷумлаи чунин мамлакатҳо мебошад. Ироқ, Урдун, Малайзия, Мянма, Уммон, Покистон, Фаластин, Сингапур, Таиланд, Ветнам ва Яман низ дар ин бора ариза пешниҳод намуданд.                      Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки намояндагони Сингапур, Таиланд ва Ветнам аллакай ба озмуни интихобии Лигаи қаҳрамонони соли 2010 роҳ дода шуданд. Мамлакатҳои дигар бояд мувофиқати худро ба талаботи Конфедератсияи футболи Осиё нишон дода, ҳайатҳои мутахассисони онро қабул намуда, ба саволҳои ҳайат ҷавоби мусбат диҳанд.                        Қарори ниҳоӣ дар бораи иштироки дастаҳои мунтахаби мамлакатҳои нав дар мусобиқаи Лигаи қаҳрамонони Осиё моҳи ноябри соли 2010 қабул карда мешавад. 

Декабрь 1, 2009 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд