«ГАЗПРОМ — ЗАРУБЕЖНЕФТЕГАЗ» ВАЗИФАИ ХУДРО ДАР ҶТ ШУРӮЪ МЕКУНАД

Декабрь 8, 2009 10:47

                  Душанбе , 8 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Ширкати саҳҳомии «Газпром — зарубежнефтегаз» — и Русия ба ҷустуҷӯи захираҳои нафту газ дар мавзеи Сарагазон шурӯъ намуд, ки дар масофаи садкилометрии самти ҷанубу шарқии Душанбе воқеъ мебошад. Масоҳати гузарондани корҳои ҷустуҷӯи нафту газ 214 километри мураббаъро ташкил медиҳад.                     Усулҳо ва ҳаҷми корҳои таҳқиқотӣ дар ин ҷо 4 декабри соли равон дар машварати илмию техникӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд, ки бо иштироки сардори Раёсати умумии нафту гази Тоҷикистон Азим Иброҳим, директори намояндагии ширкати саҳҳомии «Газпром – зарубежнефтегаз» Сергей Туманов ва мутахассисони дигар баргузор гардида буд.                    Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки айни ҳол дар мавзеи Саргазон шаҳраки муваққатии геологҳо бунёд карда шуд. Ба ин ҷо техника ва асбобу анҷоми зарурӣ оварда мешавад.                      Инчунин дар мавзеи Сариқамиши ноҳияи Шаҳринав низ ба разведкаи захираҳои нафту газ шурӯъ менамоянд. Дар мавзеи Сариқамиш дар давоми моҳҳои июлу августи соли 2010 ва дар мавзеи Саргазон аввали соли 2011 парма кардани қабати замин шурӯъ мегардад. Қабати замин дар ин ҷойҳо то чуқурии 5,5 — 6 километр парма карда мешавад.                     Хабар дода мешавад, ки мутахассисони ширкати «Газпром — зарубежнефтегаз» дар давоми 5 соли оянда мавзеъҳои Сариқамиш, Саргазон, Рангон ва қисмати ғарбии Шоҳамбариро бо мақсади ошкор сохтани захираҳои нафту газ таҳқиқ менамоянд. 

Декабрь 8, 2009 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд