ХАРИДИ ТЕХНИКАИ НАВИ ПАХТАКОРӢ АЗ ТУРКИЯ
Душанбе,16 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар соли 2010 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давлати Туркия техникаи нави кишти пунбадона (тухмипошак) ворид карда мешавад. Боис ба ёдоварист, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 13 – уми феврали соли 2009 ба маблағи 6 млн. сомонӣ бо назардошти боҷи гумрукӣ ва андоз тавассути ширкати «Арда Трайд» — и Швейтсария аз давлати Туркия 300 тонна тухмии навъҳои «Флора» ва «Кармен» харидорӣ намуда ба хоҷагиҳои пахтакори ҷумҳурӣ тақсим намуд, ки ҳосили дилхоҳ гирифта шуд. Дар назар аст, ки ҷумҳурӣ соли 2010 аз ин давлат тухмипошакҳо барои кишти пахта ва ғалла харидорӣ намояд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






