ИҶЛОСИЯИ БИСТУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ Ш. ДУШАНБЕ ДАЪВАТ КАРДА МЕШАВАД

Декабрь 9, 2009 10:08

                 Душанбе, 9 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе 24 декабри соли 2009 дар толори «Маркази равобити пойтахт» даъват карда мешавад.                  Дар иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев оиди иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2009, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар пойтахт барои соли 2010 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2008 гузориш медиҳад.                   Ҳамзамон, раисони ноҳияҳои Сино ва Фирдавсӣ доир ба ҷараёни татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» ҳисобот медиҳанд. Инчунин, масъалаҳои ба танзимдарории нигаҳдошти чорво ва ҳайвонот дар ҳудуди марзиву маъмурии шаҳри Душанбе тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ворид намудани тағйирот ба Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе «Дар бораи абадӣ гардонидани хотираи Нависандаи Халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ» баррасӣ мегарданд.                 Дар анҷоми иҷлосия тасдиқи як қатор Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе дар назар аст. 

Декабрь 9, 2009 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад