ИМЗОИ ҲУҶҶАТИ МУҲИМ
Душанбе, 25 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — 23 декабр дар вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон протоколи ворид сохтани тағйироту иловаҳо ба созишномаи ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар бораи рафту омади бе раводиди дорандагони шиносномаҳои дипломатии ҳар ду мамлакат баргузор гардид. Протоколи мазкурро аз ҷониби Тоҷикистон вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва аз ҷониби Ҳиндустон сафири кабири ин мамлакат дар Тоҷикистон Амар Сингх имзо карданд. Протоколи мазкур ҷузъи созишномаи ҳукуматҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дар бораи рафту омади бе раводиди дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ аз 14 ноябри соли 2003 мебошад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






