ИМЗОИ ПРОТОКОЛИ ҲАМКОРӢ
Душанбе, 25 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — 23 декабр дар Исломобод зимни мулоқоти вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ва вазири мудофиаи Покистон Аҳмад Мухтор Чоудри масъалаҳои равнақу ривоҷи хамкории ҳар ду давлат дар мубориза ба муқобили терроризм, ифротгароии динӣ, таъмини амнияти минтақа ва тадбирҳои таъмини вазъияти мӯътадил дар Афғонистони ҳамсоя мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар фарҷоми мулоқот протоколи ҳамкории вазоратҳои мудофиаи ҳар ду кишвар имзо карда шуд. Ш.Хайруллоев 24 декабр бо Президенти Покистон Осаф Алии Зардорӣ мулоқот кард. Вазири мудофиаи Тоҷикистон 22 декабр барои боздиди серӯзаи корӣ ба Покистон сафар карда буд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






