ИНТИҚОЛИ МАБЛАҒИ МУҲОҶИРОН КАМ ШУД
Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқӣ маълумоти расмӣ, соли 2009 воридоти маблағ аз Федератсияи Русия ба Иттиҳоди Давлатҳои мустақил қариб се маротиба коҳиш ёфтааст. Агар дар соли 2008 воридот ба кишварҳои соҳибистиқлол 10 млрд. 466 млн.-ро ташкил дода бошад, пас он дар соли 2009 ба 6 млрд. 84 млн. расидааст. Дар семоҳаи соли ҷорӣ аз Федератсияи Русия ба давлатҳои соҳибистиқлол ба миқдори 2 млрд.883 млн. доллар интиқол дода шудааст. Интиқоли маблағ дар як рӯз ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 1265 доллар, Қирғизистон 1065, Қазоқистон 715, Туркманистон 679 ва аз ҳама бештар ба Ӯзбекистон — 1508 долларро ташкил медиҳад. Дар ин муддат ба Тоҷикистон 569 миллион, Ӯзбекистон 699, Ӯкраина, ки дар зинаи сеюм меистад 382, Қирғизистон 273, Қазоқистон 48 ва Туркманистон 10 миллион доллар ворид шудааст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






