ИНТИХОБИ ТАҶҲИЗОТИ ЗАРУРӢ БАРОИ НБО «РОҒУН»

Декабрь 15, 2009 10:00

                   Санкт — Петербург, 15 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — 14 декабр дар Ҷамъияти саҳҳомии Пажӯҳишгоҳи «Гидропроект» — и Санкт – Петербург дар масъалаи интихоби таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла, генераторҳо барои Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» гуфтушунид баргузор гардид.                    Дар гуфтушунид намояндагони Тоҷикистон – вазири рушди иқтисод ва савдо Фаррух Ҳамралиев, мудири шӯъбаи сохтмон ва меъмории дастгоҳи иҷроияи Президент И.Носиров, мудири шӯъбаи ҳуқуқи дастгоҳи иҷроияи Президент Дӯстмурод Муродов, директори генералии НБО «Роғун» Нурулло Шулашов, директори техникии НБО «Роғун» Абдукарим Раҳимов, сардори раёсати корҳои НБО «Роғун» Г.Боев ва директори генералии раёсати «Тоҷикспецгидроэнергомонтаж» Рустам Қурбонов, намояндагони корхонаи «Электротяжмаш» — и Украина ва Ҷамъияти саҳҳомии «Спецгидроэнергомонтаж» — и Санкт – Петербург иштирок намуданд.                    Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки зимни гуфтушунид масъалаҳои марбут ба интихоби таҷҳизоти асосии НБО «Роғун», аз ҷумла генераторҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Тибқи нақша, баъди анҷоми сохтмони навбати аввали нерӯгоҳ дар он ду генератор насб карда мешавад. Дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳ баъзе навъҳои таҷҳизот мавҷуданд, ки аввали солҳои 90 – ум оварда шудаанд. Айни ҳол имконияти фарсудашавии онҳо мавҷуд аст. Барои муайян намудани имконияти истифодаи таҷҳизоти мавҷуда комиссияи муштарак ташкил дода мешавад.                     НБО «Роғун» дар дарёи Вахш болотар аз НБО «Норак» сохта шуда, яке аз нерӯгоҳҳои барқи обии калонтарини Осиёи Марказӣ хоҳад гашт. Нерӯгоҳи мазкур баъди пурра сохта шуданаш дар як сол 3600 мегаватт ё 13,3 миллиард киловатт — соат қувваи барқ истеҳсол менамояд. Сохтмони нерӯгоҳ соли 1978 оғоз ёфта буд. Соли 1992 дар натиҷаи боришҳои тӯлонӣ ва обхезӣ баъзе қисматҳои нерӯгоҳ аз кор баромад. Ҳамон сол сохтмони нерӯгоҳ боздошта шуд. Бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон сохтмони нерӯгоҳ соли 2007 аз нав идома ёфт. Тибқи нақша, навбати аввали сохтмони нерӯгоҳ соли 2012 ба охир мерасад.                     Таҷҳизоти зарурии НБО «Роғун» — ро Ҷамъияти саҳҳомии «Маркази муҳандисии Системаи воҳиди энергетикӣ» — и Русия месозад, ки дар миқёси ҷаҳон яке аз ширкатҳои калонтарини энергетикӣ ба шумор меравад. Ҷамъияти саҳҳомии мазкур даҳҳо корхонаҳои истеҳсоли таҷҳизоти энергетикиро муттаҳид месозад.

Декабрь 15, 2009 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар ҳошияи Соли фарҳанги китобхонӣ маҷмӯаи «Нома ба насли оянда» аз чоп баромад
Таҳти унвони «Забон, Ваҳдат ва суботи миллӣ» конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Саридораи геология ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ-назариявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ китоби «Ваҳдатсаро» ба нашр расид
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳаёти 16 нафарро ҳангоми ғарқшавӣ аз марг наҷот доданд
Дар Душанбе сеюмин Форуми Тоҷикистон ва Чин оид ба таҳсилоти муҳандисӣ-техникӣ доир шуд
Сулҳи тоҷикон барои давлатҳои ҷаҳон ҳамчун таҷриба пазируфта шудааст
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт