ИШТИРОКИ А.РАҲМОНОВ ДАР НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР МАСКАВ

Декабрь 15, 2009 10:56

                  Маскав, 15 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви раёсати Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии давлатҳои ИДМ Абдуҷаббор Раҳмонов 14 декабр дар Маскав дар нишасти матбуотии бахшида ба натиҷаҳои «Соли ҷавонон дар ИДМ ва нақшаҳои соли 2010 – Соли илм ва инноватсия дар ИДМ» ширкат варзид.                   А.Раҳмонов зикр намуд, ки бо кӯмаки фонди мазкур ганҷинаи китобхонаҳои Тоҷикистон хеле ғанӣ гардонида шуд. Инчунин бо кӯмаки фонд чанде пеш китоби дарсии «Забони тоҷикӣ» барои донишҷӯёни Пажӯҳишгоҳи мамлакатҳои Осиё ва Африқо чоп шуд. Айни ҳол донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии забонҳои Маскав забони тоҷикиро меомӯзанд. Бо кӯмаки фонд дар мактабҳои олии Тоҷикистон курсҳои такмили ихтисоси муаллимони забони русӣ кушода шуданд.                  А.Раҳмонов натиҷаҳои соли 2009 – ро дар соҳаи маориф ҷамъбаст намуда, гуфт, ки соли оянда дар Тоҷикистон гузаронидани конфронс бахшида ба беҳтар сохтани сифати таълим, ҷамъомадҳои илмӣ бахшида ба соҳаҳои гуногуни илм, нашри китобҳои дарсӣ барои мактабҳои ҳунаромӯзӣ ба нақша гирифта шудаанд. Қайд карда шуд, ки соли оянда дар Тоҷикистон озмуни байналхалқии овозхонони ҷавони мамлакатҳои ИДМ ва Балтика таҳти унвони «Панҷ ситораи интервизион» гузаронида мешавад.                  Яке аз раисони раёсати Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарӣ, намояндаи махсуси Президенти Русия дар масъалаҳои хамкории фарҳангӣ Михаил Швидко зикр намуд, ки озмуни «Панҷ ситораи интервизион» мебоист соли 2009 гузаронида мешуд, вале бо сабаби набудани маблағ ба моҳи августи соли 2010 мавқуф гузошта шуд. Айни ҳол дар бораи гузаронидани озмун бо Шабакаи аввали телевизиони Русия гуфтушунид карда мешавад. Пешбинӣ карда мешавад, ки як қисми маблағи барои гузаронидани озмун заруриро Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарӣ мепардозад.                   Дар нишасти матбуотӣ аъзоёни Шӯрои ҳамкории гуманитарии мамлакатҳои ИДМ, сафирони Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Русия Пӯлод Булбулӯғлӣ, сафири Арманистон дар Русия Арман Смбатян, сафири Қирғизистон дар Русия Раҳимқул Отақуров ва дигарон сухан карданд.

Декабрь 15, 2009 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст