ИСТИФОДАИ ПАШМ ДАР МУЪМИНОБОД

Декабрь 22, 2009 17:02

                   Кӯлоб, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Масъулини қисмҳои ҳарбӣ дар минтақаи Кӯлоб аз як созмони ҷамъиятии мавсум ба «Зам-зам» дар ноҳияи Мӯъминобод дархост намудаанд, то барои сарбозон аз пашми ҳайвоноти хонагӣ рупӯш барои хоб омода намоянд. Ба гуфтаи масъулин ин навъи рупӯшҳо, ки ба тозагӣ дар минтақа истеҳсол мешаванд, арзон буда дар фасли сармо барои сарбозон аз манфиат холӣ нест. Дар ҳамин ҳол Тоҷиниссо Одинаева, сарвари ташкилоти мазкур мегӯяд, як сол қабл ташкилоти онҳо барои нахустин бор дар минтақаи Кӯлоб ба ҷамъоварӣ ва коркарди пашми ҳайвоноти хонагӣ шуруъ намуд. Ба гуфтаи ӯ, то ба кор шурӯъ намудани корхонаи онҳо сокинони ноҳия умуман пашми ҳайвонотро истифода намекарданд. Вале онҳо исбот карданд, ки аз пашми ҳайвоноти хонагӣ ба мисли бузу гусфанд беҳтарин рупушҳо ё ба истилоҳ курпа омода мешавад. Дар корхонаи назди ташкилоти ҷамъиятии “Зам-зам” 65 нафар занҳои маҳаллӣ ба кор ҷалб шудааст. Қиммати як курпаи ин коргоҳ аз 40 то 60 сомонӣ арзиш дорад. Ба гуфтаи масъулини корхона маҳсулоти истеҳсолии онҳо аз ҳамин навъи маҳсулоти хитоӣ арзонтару хубтар аст. Вале ин корхона мувофиқи талабот танҳо аз 2 то 5 тона пашмро мавриди коркард қарор медиҳад. Ин дар ҳолест, ки садҳо тонна пашм ҳар сол дар минтақаи Кӯлоб ба нестӣ мерасад. Самад Буйдоқов, сардори идораи кишвоарзӣ дар минтақаи Кӯлоб иқрор мешавад, ки соле то садҳо тонна пашм дар анборҳои иттиҳодияҳои чорвопарварӣ аз сабаби ба фурӯш нарафтан ба нестӣ мерасад. Ба гуфтаи ӯ дар як сол аз иттиҳодияҳои чорвопарварӣ ҳангоми тароши баҳориву тирамоҳии ҳайвонот то 300 тонна пашм ҷамъоварӣ мегардад, ки онҳо дар ҳеҷ куҷо истифода намешаванд.                    Аммо масъулини ташкилоти ҷамъяитии “Зам-зам” тасмим доранд, то фаъолитяи корхонаи хешро васеъ ба роҳ монда иқтидори истеҳсолии онро бештар намоянд. Тоҷиниссо Одинаева мегӯяд, онҳо ба хотири васеъ ба роҳ мондани фаъолияти хеш тасмим доранд, то кормандони худро барои омӯзиш ба ҷумҳурии Қирғизистон ирсол намоянд.                     Корхонаи назди ташкилоти ҷамъиятии “Зам-зам”-и ноҳияи Мӯъминобод соле қабл бо кӯмаки ташкилоти байналмиллалии Каритас бунёд ёфтааст. Ҳоли ҳозир ин корхона барои беморхонаҳо, қисмҳои ҳарбӣ ва дигар муассисаҳо тариқи фармоиш рупӯшҳо ё худ курпаҳои пашмин омода менамояд. 

Декабрь 22, 2009 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд