ИСТИФОДАИ ТАҶРИБАИ ФИЛИППИН ДАР ТАНЗИМИ РАВАНДИ МУҲОҶИРАТ
Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Бо мақсади расонидани кӯмаки амалӣ ва назариявӣ дар таҳияи Барномаи нави рушди муҳоҷирати меҳнатӣ, бо даъвати Хадамоти муҳоҷирати ВКД – и Ҷумҳурии Тоҷикистон сармутахассиси Созмони байналмиллалии муҳоҷират (МОМ) оид ба идораи мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ Томас Очакосо ба Душанбе омад. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти муҳоҷирати ВКД иттилоъ доданд, 1 декабр ҳайати кории ҷониби Тоҷикистон барои баррасӣ ва муҳокима ба Томас Очакосо Барномаи рушди муҳоҷирати меҳнатӣ барои солҳои 2010- 2015 –ро пешбарӣ карда, роҳҳои татбиқ ва истифодаи таҷрибаи пешрафтаи Филиппинро дар танзими муҳоҷирати меҳнатӣ муайян карданд. Бояд қайд кард, ки дар Филиппин ду Агентии вобаста ба муҳоҷирони меҳнатӣ таъсис шудааст, ки яке ба таъмин кардани коргарон бо ҷойи кор дар хориҷи мамлакат ва дигаре барои некӯаҳволии муҳоҷирони меҳнатии дар хориҷа буда, сафарбар шудаанд. Ин Агентиҳо бо фаъолияти шаффоф ва воқеии худ сазовори боварии ҳам муҳоҷирон ва ҳам корфармоёни хориҷӣ шудаанд, бинобар ҳамин муҳоҷирони меҳнатии Филиппин назар ба муҳоҷирони меҳнатии дигар кишварҳо талаботи бештар дошта, бо маоши баланд таъмин карда мешаванд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






