КӮМАК БА МӮҲТОҶОН

Декабрь 9, 2009 09:15

                    Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова).- Таи соли равон дар доираи Барномаи озуқавории Созмони Милали Муттаҳид ба сокинони деҳаҳои ҷамоати деҳоти Ӯткансой дар ҳаҷми қариб сад тонна маводи озуқа дар байни оилаҳои камбизоат ройгон таксим карда шуд. Аз ин ҳисоб 77,5 тонна орд ва 3,1 тонна равғани растанӣ мебошад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» раиси ҷамоат Мамадюсуф Раҳматов хабар дод. Дар ҷамоат 36 деҳаи хурду калон мавҷуданд, ки дар онҳо 9 ҳазор нафар зиндагӣ мекунад.                     «Минтақае, ки ҷамоати Ӯткансой ҷойгир аст, куҳист ва масофаи байни қишлоқҳои мо то 45 километрро ташкил медиҳад. Ин хусусияти ҷамоати моро ба назар гирифта, бо мусоидати раиси нохия Лутфулло Мухиддинов Ӯткансой ба барномаи озмоишии озуқавории Созмони Миллали Муттаҳид дохил карда шуда» -қайд намуд Мамадюсуф Раҳматов.                      «Ба шарофати кӯмаки раиси ноҳия Лутфулло Муҳиддинов соли равон дар доираи Барномаҳои қабулшудаи давлатӣ якчанд мактабу марказҳои саломатии деҳаҳои ҷамоати мо аз вагонхонаҳо бароварда шуданд. Бо дастгирии роҳбарияти ноҳия корҳои ободонӣ ва таъмини аҳоли бо оби ошомиданӣ ва обёрии замин давом дорад. Роҳбари ноҳия Лутфулло Муҳиддинов барои дастрас намудани генератори дизелии барқӣ ба беморхонаи минтақавии мо кӯмак расонд, ки аз набудани чунин дастгоҳи барқӣ тӯли ин солҳо ҳам табибон ва хам беморон азият мекашиданд,» — қайд намуд раиси ҷамоати Ӯткансой Мамадюсуф Раҳматов.

Декабрь 9, 2009 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд