КӮМАКИ ИМА БА ШИФОХОНАҲОИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 2 декабря. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои расондани кӯмак ба соҳаи тандурустии Тоҷикистон 6 миллиону 628 ҳазору 628 доллар ҷудо кард. Маблағи мазкур барои харидани доруҳои зарурӣ барои шифохонаҳои Тоҷикистон сарф карда мешавад. Аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки бо маблағи мазкур доруҳои гуногун, аз ҷумла доуҳои зидди микробҳо, дору барои табобати бемориҳои саратон, дилу раг, асаб, пӯст, чашму гӯш ва ғайра харида, ба Тоҷикистон фиристода мешаванд. Дар ҷамъоварии маблағи кӯмак ширкатҳои тиббӣ ва дорусозии ИМА, аз ҷумла «Алкон», «Хоспира», «Аббот», «Шерингплоуг», «Ҷонсон энд Ҷонсон» ва ғайра ширкат варзиданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки доруҳои мазкур дар байни Шифохонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои саратон, Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу раг, Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ, Шифохонаи чумҳуриявии клиникии бемориҳои асаб, Шифохонаи ҷумҳуриявии табобати бемории сил, шифохонаҳои рақамҳои 1 ва 2 вилояти Хатлон, шифохонаҳои марказии ноҳияҳои Нуробод, Кӯлоб, Ёвон ва Роғун тақсим карда мешаванд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






