КӮМАКИ КОРМАНДОНИ АМОНАТБОНК БА НОБ «РОҒУН»

Декабрь 8, 2009 10:16

                  Душанбе, 8 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дирӯз ҳайати 211-нафараи кормандони бахшу шӯъбаҳои дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон будаи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» миёни ташкилот ва корхонаҳои вилоят яке аз аввалинҳо шуда, музди меҳнати якрӯзаи худро ҳамчун кӯмак ба сохтмони иншооти энергетикӣ — Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ирсол намуданд.                   Ҳамчунин қисмати дуюми ҳамин рӯз ҳайати кормандони бахшу шӯъбаҳои дар минтақаи Кӯлоб будаи бонки мазкур низ музди меҳнати якрӯзаи худро, ки 5013 сомониро ташкил медиҳад, ба суратҳисоби НОБ «Роғун» гузарониданд.                  Қайд кардан бамаврид аст, ки имрӯзҳо дар дигар муассиса ва сохторҳои бонк ин иқдом ҳаматарафа дастгирӣ ёфта, аз ҷониби кормандони дигар бахшу шӯъбаҳо низ музди меҳнати якрӯза барои кӯмак ба сохтмони ин иншооти ҳаётан муҳим гузаронида мешавад.                  Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» бошад тасмим дорад, ки ҳангоми ба фурӯш баромадани саҳмияҳои нерӯгоҳ ба миқдори 3 миллион доллари ИМА саҳмияҳоро харидорӣ намояд.

Декабрь 8, 2009 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд