КӮМАКИ НАМОЯНДАГИИ ВКД ТОҶИКИСТОН ДАР РУСИЯ БА КОРГАРОНИ МУҲОҶИР
Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). – Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия чанде пеш коргари муҳоҷир, сокини 59 – солаи ноҳияи Ҳисор Абдунаим Носировро ба намояндагии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия фиристод. А.Носиров дар аризаи ба унвони намояндагии ВКД пешниҳоднамудааш баён намуд, ки ба ӯ ва панҷ нафар ҳамдиёронаш аз моҳи апрел то моҳи ноябри соли 2007 дар ҷои корашон маош надодаанд. Коргари муҳоҷир ва ҳамдиёронаш дар шаҳри Звенигород дар сохтмони биноҳо кор мекарданд. Котиби матбуоти намояндагии ВКД Тоҷикистон дар Русия Дилбар Хоҷаева зикр мекунад, ки коргарони муҳоҷири тоҷик бисёр вақт барои рӯёндани музди корашон аз корхонаю муассисаҳо ва соҳибкорони хусусӣ ба намояндагии ВКД муроҷиат мекунанд. Баъди дахолати кормандони намояндагии ВКД Тоҷикистон дар Русия ба А.Носиров ва ҳамдиёронаш дар ҷои корашон 20 ҳазор рубли Русия дода шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






