КӮМАКИ САФОРАТИ ҶТ ДАР ӮЗБЕКИСТОН БА «РОҒУН»
Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Муроҷиати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар баҳри саҳмгузорӣ дар бунёди Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ва ба ин васила ба даст овардани истиқлолияти энергетикии кишвар аз ҷониби тамоми табақаҳои шаҳрвандон мавриди ҳамовозию дастгирӣ қарор мегирад. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҳисоби маоши кормандон ва имкониятҳои мавҷуда ба суратҳисоби НБО «Роғун» 21 ҳазору 438 сомонӣ гузаронид. Дар баробари ин, имрӯз кулли мардуми Тоҷикистон бо боварӣ ба фардои дурахшони кишвар ва расидан ба армонҳои миллӣ омодаанд, ки аз саҳмияҳои НБО «Роғун» харидорӣ намуда, саҳми хешро дар бунёди ин иншооти муҳими аср гузоранд. Мавриди зикр аст, ки саҳмияҳои НБО «Роғун» аз моҳи январи соли 2010 ба фурӯш бароварда шуда, ҳар як саҳмдор баробари ба кор даромадани ин нерӯгоҳ ва фоидаовар шудани он метавонад саҳмияҳои худро супурда, маблағҳояшонро бо фоидааш пас бигиранд ва ё минбаъд ҳам худ ё фарзандонашон бо тамоми ҳуқуқу масъулият саҳмдори ин нерӯгоҳ боқӣ монда, пайваста аз фоидаи он баҳравар бошанд. Гуфтанист, ки саҳмияҳои НБО «Роғун» танҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон фурӯхта мешаванд, то ки ин иншооти дорои аҳамияти стратегӣ фақат моликияти давлат ва мардуми Тоҷикистон бошад.








Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид






