КОҲИШИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА ДАР ТОҶИКИСТОН

Декабрь 7, 2009 15:09

                    Душанбе, 7 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Соли ҷорй хоҷагиҳои деҳқонии ҷумҳурӣ дар масоҳати 194746 гектар кишти зироатҳои техникиро гузаронидаанд. Аз ин нишондод 70 гектар ба ВМКБ, 64495 гектар ба вилояти Суғд, 116911 гектар ба вилояти Хатлон ва 13270 гектар ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рост меояд. Пахтакорони ҷумҳурӣ бошанд мувофиқи дурнамо соли ҷорӣ мебоист дар масоҳати 200700 гектар кишти пахта мегузарониданд, вале бо сабаби номусоид омадани боду ҳаво ва норасоии маблағгузорӣ аз тарафи бонкҳо хоҷагиҳои ҷумҳурӣ дар масоҳати ҳамагӣ 170409 га (84,9%) кишти пумбадонаро гузаронидаанд, ки нисбати соли гузашта 66703 гектар кам мебошад. Аз ҷумла, кишти пахта дар вилояти Суғд 54596 га (83,70%) нисбати соли гузашта 15069 га кам, дар вилояти Хатлон 108261 га (870%) нисбати соли гузашта 44566 га кам ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 7552 га (680/0) нисбати соли гузашта 7068 гектар кам аст.                      Сардори раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ Саидмурод Баҳриддинов 7 декабр зимни нишасти матбуотӣ оид ба маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта, зикр намуд, ки соли ҷорӣ тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 6 млн. сомонӣ бо назардошти боҷи гумрукӣ ва андоз, тавассути ширкати «Арда-Трейд АГ»-и Швейтсария аз давлати Туркия 300 тонна тухмии пунбадонаи навъҳои «Флора» ва «Кармен» ва 15 адад тухмипошаки чигит харидорӣ шуда, тибқи нақшаи тақсимоте, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ кардааст, ба хоҷагиҳои пахтакори ҷумҳурӣ, дар асоси шартномаи фонди бозгашт тақсим карда шуд.                      «Бо боришоти боронҳои пай дар пайи моҳҳои май ва июни соли ҷорӣ кишти пумбадона нисбати соли гузашта тақрибан 20-30 рӯз дер ба анҷом расонида шуд. Имрӯзҳо маъракаи ҷамъоварии пахта дар миқёси ҷумҳурӣ ба охир расида истодааст ва тибқи дурнамо соли ҷорӣ бояд 350 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шавад. Моҳи августи имсол аз тарафи кормандони раёсати растанипарварии вазорат, раёсатҳои вилояту ноҳияҳои пахтакор дар якҷоягӣ бо олимону мутахассисони Академияи кишоварзӣ назорати (апробатсия) ҳосили биологии интизории пахта дар хоҷагиҳои пахтакор гузаронида шуда, тақрибан 297 ҳазор тонна ҳосили пахта муайян карда шуда буд. Мувофиқи маълумоти оморӣ, то 3.12.2009 пахтакорони ҷумҳурӣ ба миқдори 295815 тонна ҳосили пахтаро ҷамъоварӣ намудаанд, ки нисбати соли гузашта 51302 тонна кам аст. Лекин ҳосилнокӣ имсол 17.4 ц/га буда, нисбати соли гузашта 2.6 ц/га (14,8 ц/га) зиёд мебошад», — тазаккур дод С. Баҳриддинов. 

Декабрь 7, 2009 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст