КОНФРОНС ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- 15 декабри соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи «Пойтахт»-и шаҳри Душанбе бо мақсади муҳокимаи натиҷаҳои мониторинги татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон» ва «Кодекси байналхалқӣ дар бораи ҳимояи ғизои табиии кӯдакон, назорати гардиши ғизоҳои сунъӣ» бо ибтикори Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии «Одоб, дониш, ақл, меҳр» (ОДАМ) конфронс оид ба «Натиҷаҳои мониторинги татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон» ва «Кодекси байналхалқӣ дар бораи ҳимояи ғизои табиии кӯдакон, назорати гардиши ғизоҳои сунъӣ, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо» баргузор гардид. Дар конфронс қайд гардид, ки имрӯз бисёр модарон бо мақсади додани хӯроки иловагӣ ба кӯдакони худ додани шири модарро қать карда хӯроки сунъӣ медиҳанд, ки ин кор ба оқибатҳои ногувор оварда мерасонад, зеро аксар вақт мӯҳлати истифодаи хӯрокҳои сунъӣ гузашта, кӯдаконро ба бемориҳои гуногун мубтало мегардонанд. Баъзан ширкатҳои истеҳсолкунандаи хӯрокҳои сунъӣ аз ин кор илҳом гирифта тамоми ҳунарашонро ба кор мебаранд, ки ба ҷумҳурӣ ин гунна маводро дохил намоянд ва хушбахтона, имрӯз ин раванд таҳти назорати Вазорати тандурустӣ қарор гирифтааст. Дар конфронс зиёда аз 30 нафар иштирокдорон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, намояндагони Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим, хадамоти назорати давлатии санитариву эпидемиологӣ, Маркази ҷумҳуриявии ғизо, омӯзгорони кафедраҳои гуногуни Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ Сино, мутахассисон и Вазорати тандурустӣ ва коршиносони беҳтарини ҷумҳурӣ ширкат доштанд. Дар анҷоми конфронс саволу ҷавоб ва муҳокимаи тавсияҳо оид ба ҳалли мушкилот баргузор гадид.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






