КОНФРОНСИ БАЙНАЛХАЛҚӢ БАХШИДА БА АФҒОНИСТОН

Декабрь 30, 2009 09:23

               Лондон, 30 декабр. (АМИТ «Ховар» — vz.ru). — Бо ташаббуси сарвазири Британияи Кабир Гордон Браун 28 январи соли 2010 дар Лондон бахшида ба проблемаҳои Афғонистон конфронси байналхаллқӣ баргузор мегардад.                  Дар он намояндагони 68 мамлакати ҷаҳон, аз ҷумла 43 мамлакат, ки қисмҳои ҳарбии онҳо дар Афғонистон ҷой дода шудаанд ширкат хоҳанд варзид. Хабар дода мешавад, ки дар конфронс муншиҳои умумии СММ ва НАТО низ иштирок мекунанд.                   Г.Браун изҳори умед намуд, ки мамлакатҳои аъзои гурӯҳи эътилоф дар арафаи конфронс қисмҳои ҳарбии иловагии худро ба Афғонистон мефиристанд. Хабар дода мешавад, ки шумораи аскарону афсарони хориҷӣ дар Афғонистон аввали соли 2010 – ум 140 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.                    Дар конфронс нақшаи гузоштани масъулияти таъмини амният ба зиммаи мақомоти Афғонистон ва омодагии вилоятҳо ба таъмини амнияти худ муайян карда хоҳанд шуд. Инчунин иштирокчиёни конфронс масъалаҳои мутобиқ сохтани тадбирҳои байналхалқӣ, пурзӯр намудани нақши СММ дар ҳалли масъалаҳои Афғонистон, таъини намояндаи махсуси нави СММ дар Афғонистон ва муносибатҳои Афғонистонро бо мамлакатҳои ҳамсоя муҳокима хоҳанд кард.                   Муншии умумии СММ пешниҳоди гузаронидани конфронси мазкурро дастгирӣ намуда, зикр кард, ки он ба ҳалли проблемаҳои ин мамлакат кӯмаки калон мерасонад.

Декабрь 30, 2009 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд