КОНФРОНСИ БАЙНАЛХАЛҚӢ БАХШИДА БА АФҒОНИСТОН
Лондон, 30 декабр. (АМИТ «Ховар» — vz.ru). — Бо ташаббуси сарвазири Британияи Кабир Гордон Браун 28 январи соли 2010 дар Лондон бахшида ба проблемаҳои Афғонистон конфронси байналхаллқӣ баргузор мегардад. Дар он намояндагони 68 мамлакати ҷаҳон, аз ҷумла 43 мамлакат, ки қисмҳои ҳарбии онҳо дар Афғонистон ҷой дода шудаанд ширкат хоҳанд варзид. Хабар дода мешавад, ки дар конфронс муншиҳои умумии СММ ва НАТО низ иштирок мекунанд. Г.Браун изҳори умед намуд, ки мамлакатҳои аъзои гурӯҳи эътилоф дар арафаи конфронс қисмҳои ҳарбии иловагии худро ба Афғонистон мефиристанд. Хабар дода мешавад, ки шумораи аскарону афсарони хориҷӣ дар Афғонистон аввали соли 2010 – ум 140 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар конфронс нақшаи гузоштани масъулияти таъмини амният ба зиммаи мақомоти Афғонистон ва омодагии вилоятҳо ба таъмини амнияти худ муайян карда хоҳанд шуд. Инчунин иштирокчиёни конфронс масъалаҳои мутобиқ сохтани тадбирҳои байналхалқӣ, пурзӯр намудани нақши СММ дар ҳалли масъалаҳои Афғонистон, таъини намояндаи махсуси нави СММ дар Афғонистон ва муносибатҳои Афғонистонро бо мамлакатҳои ҳамсоя муҳокима хоҳанд кард. Муншии умумии СММ пешниҳоди гузаронидани конфронси мазкурро дастгирӣ намуда, зикр кард, ки он ба ҳалли проблемаҳои ин мамлакат кӯмаки калон мерасонад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






