КУШТОРИ ВАҲШИЁНА ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД
Душанбе, 29 декабр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). – 28 декабр дар ноҳияи Ашт ҷинояти бераҳмона содир карда шуд. Сокини ҷамоати Пунуки ноҳияи Ашт Исмоил Собирови 38 – сола дар ҳолати мастӣ модари худ Парпӣ Собироваи 74 – соларо лату кӯб карда, ба ҳалокат расонд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки фарзанди қотил модарашро то лаҳза ҷон супурданаш бераҳмона лату кӯб кардааст. И.Собиров қабл аз ин барои хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор суд шуда буд. Аз рӯи ин воқеа парвандаи ҷиноӣ кушода шуд ва тафтишоти он давом дорад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






