ЛОИҲАИ НАВ БАРОИ СОХТОРИ ЭНЕРГЕТИКӢ
Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз намояндагии Бонки Рушди Осиё дар Душанбе иттилоъ доданд, барои расонидани кӯмаки техникӣ ба сохтори энеретикии Тоҷикистон Бонки Рушди Осиё 500 ҳазор доллари ИМА ҳамчун қарзи бебозгашт ҷудо кард. Ин маблағ баҳри омода кардани барнома ва асосҳои иқтисодӣ -техникии лоиҳаи нав оид ба муҷаҳҳазсозии сохтори энергетикии Тоҷикистон равона мешавад. Мувофиқи лоиҳаи мазкур, ки аз соли 2010 мавриди амал қарор мегирад, шабакаҳои интиқоли барқи мамлакат аз ҷиҳати техникӣ бозсозӣ шуда, маркази нави идора ва ҷамъоварии маълумот (SCADA) бунёд карда хоҳад шуд. «Ҳаҷми умумии лоиҳа 610 ҳазор доллари ИМА — ро ташкил мекунад, ки аз ин ҳисоб 500 ҳазор доллар ҳамчун қарзи бебозгашт аз ҷониби БРО пардохт мешавад. Лоиҳа моҳи ноябр ба нақша гирифта шуд ва гурӯҳи мутахассисон барои амалӣ шудани лоиҳа ба кор шурӯъ карданд», — гуфт сарчашмаи хабар.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






