М. АҲМАДИНАЖОД БА ДУШАНБЕ МЕОЯД

Декабрь 29, 2009 10:14

                 Душанбе, 29 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод 6-7 январи соли 2010 бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад.                   Аз Сафорати Эрон дар Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Маҳмуд Аҳмадинажод зимни сафари дурӯзаи худ ба Тоҷикистон бо роҳбарони воломақоми Тоҷикистон дидору мулоқот менамояд. Зимни мулоқот масъалаҳои рушди минбаъдаи таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Эрон баррасӣ мегарданд. Ҳамзамон, ба имзо расонидани як қатор санадҳои ҳамкории байнидавлатӣ дар бахши иқтисоду тиҷорат дар назар аст.                   Интизор меравад, ки Президенти Эрон аз маҳали як қатор сохтмони иншоооте, ки бо сармоягузории Эрон сохта мешаванд, аз ҷумла НБО «Сангтӯда -2» дар ҷануби Тоҷикистон боздид менамояд.                     Бояд зикр кард, ки ин сафар сафар саввумини Президенти Эрон ба Тоҷикистон мебошад.

Декабрь 29, 2009 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид