М. ОЧИЛДӢ: «3000-СОЛАГИИ ТАМАДДУНИ ҲИСОР ТАҶЛИЛ ХОҲАД ШУД»
МАЪЛУМОТНОМА: Ҳисор- дар қисмати ҷанубу ғарбии Тоҷикистон дар иҳотаи қаторкӯҳҳои Ҳисор ва Боботоғ, дар доманаи водии Ҳисор доман густурдааст. Масоҳаташ 97,5 километри мураббаъ буда, ҳамчун ноҳия 31 январи соли 1932 ташкил карда шудаааст. Марказаш шаҳраки Ҳисор. Дорои 2 ҷамоати шаҳрак ва 8 ҷамоати деҳот мебошад. Ҳисор аз пойтахти ҷумҳурӣ -шаҳри Душанбе дар масофаи 22 километр воқеъ гардидааст. Аҳолияш тибқи нишондодҳои оморӣ 238 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Соҳаҳои афзалиятнок ва пешрафтаи иқтисодиёти ноҳия, соҳаи кишоварзию боғдорӣ ва саноати сабук мебошад. Аз ҷумла, 16 хоҷагии деҳқонии колективӣ, 90 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, беш аз 150 корхонаи хурди хусусӣ фаъолият менамояд. Дар робита доир ба нишондодҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва дурнамои рушди ноҳияи Ҳисор сӯҳбате оростаем бо раиси ноҳияи Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Очилдӣ: Мӯҳтарам Муҳаммадалӣ Очилдӣ мегуфтед, ки нишондодҳои иқтисодии ноҳияи Ҳисор дар ин давра чӣ гуна аст? — Татбиқи самарабахши ислоҳоти иқтисодии давлат, кӯшишу талошҳои Роҳбарият ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди иқтисодиёт, паст намудани сатҳи камбизоатӣ, тақвияти нерӯи иқтисодии кишвар ва созандагию бунёдкориҳо ба меҳнаткашони ноҳияи Ҳисор имконият доданд, ки ба натиҷаҳои назарраси иқтисодию истеҳсолӣ расанд. Дар ин давра ноҳия ба пешравиҳои назарраси иқтисодӣ ноил гардид. Бо дастгирии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия шаклҳои нави хоҷагидорӣ, хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ, инфиродӣ ва ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ба фаъолият шурӯъ карданд. Аз ҷониби соҳибкорони ноҳия марказҳои наву муосири савдо, хизматарсонӣ, фурӯши молҳои ниёзи мардум ва манзили истиқоматӣ сохта ба истифода дода шуд, ки ба ҳусни ноҳия шукӯҳи хоса зам намуданд. Дар ин давра ба буҷети давлат аз тарафи нозироти андоз ба маблағи беш аз 23 миллион сомонӣ андоз ворид карда шуд, ки нисбати нақшаи пешбинишуда 1 миллион сомонӣ зиёд буда, нақшаи андоз 107 фоиз таъмин гардид. Ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия дар ин давра 6 миллион сомониро ташкил дод. — Омодагии ноҳия ба мавсими зимистон дар кадом сатҳ аст? Тамоми сохторҳои ноҳия- муассисаю идораҳо ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидаанд. Хусусан, кормандони шабакаи барқи ноҳия барои тайёр намудани дастгоҳу таҷҳизоти барқӣ, саривақт бартараф ва пешгирӣ намудани садамаҳои техникӣ ва омода намудани системаҳои барқдиҳӣ ба мавсими зимистони соли равон чораю тадбирҳои зарурӣ андешидаанд. Аз ҷониби кормандони шабакаи барқи ноҳия зеристгоҳи трансформатори 40/10 киловата дар шаҳраки Ҳисор, зеристгоҳи трансформатории 250/10 киловата дар деҳаи Ноҷии Боло, дар деҳаи Кончӣ шинонида шуда, дар шаҳраки Ҳисор ду адад зеристгоҳи трансформатории тавоноиашон 400/10 киловата ба 160/10 киловата иваз карда шуд. Инчунин, дар аксар деҳаҳои ноҳия симчӯбҳои фарсудашуда иваз карда шуданд. Дар 20 деҳа трансформаторҳо таъмири капиталӣ гардида, дар зеристгоҳи барқии Зиракӣ корҳои таъмиру васлкунӣ ба пуррагӣ анҷом дода шуданд. Барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия ба маблағи беш аз 150 ҳазор сомонӣ корҳои таъмир ва тайёрӣ ба зимистонгузаронӣ иҷро карда шуданд. Барои омодагӣ ба мавсими зимистон 655 метри куби маводи зидди лағшиш, 14 метри кубӣ ҳезум, 5 тонна ангишт ва 9 техника омода гардид. Таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ яке аз масъалаҳои умда дар назди роҳбарияти ноҳия ба шумор рафта, ба он диққати махсус дода мешавад. Дар робита, аз ҷониби корхонаи фаръии «Обу корезӣ» қариб 700 ҳазор метри куббӣ оби нушокӣ истеҳсол карда шуд. Ҳамзамон, масъалаи тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаю маҳаллаҳои шаҳраки Ҳисор яке аз масъалаҳои ҷиддӣ ба шумор меравад. Бо кӯмаки созмони хориҷии «Урбан институт» зиёда аз 80 қуттии партовҷамъкунӣ дастрас гардида, дар тамоми кӯчаю маҳаллаҳо гузошта шудаанд. Дар доираи нақшаи генералии шаҳраки Ҳисор кадом биноҳои хуштарҳу замонавӣ сохта ба истифода дода шуданд? Гуфтан ба маврид аст, ки нақшаи генералии шаҳраки Ҳисор моҳи феврали соли 2009 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Дар асоси он дар шаҳраки Ҳисор 20 хонаи нави замонавии дуошёна аз ҷониби ҷамъияти масъулияташ маҳудуди «Евростандарт», нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар деҳаи Навобод ва дар роҳи Ҳисор –Шарора, филиали «Тоҷпромбонк» дар шаҳраки Ҳисор сохта ба истифода дода шуданд. Дар доираи Соли бузургдошти асосгузори мазҳаби ҳанафӣ- Имоми Аъзам дар деҳаи Тӯда масҷиди ҷомеъ бо иштироки Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ботантана ба истифода дода шуд. Дар маҳаллаи Бобоҷон Ғафурови шаҳраки Ҳисор се бинои хонаи панҷошёна, дар маҳаллаи 8-уми шаҳраки Ҳисор бошад ду бинои хонаи баландошёна, сохтмони мактаб барои 320 ҷои нишаст дар деҳаи Гачаки ҷамоати Деҳқонобод, бинои мактаб дар деҳаи Ғуриёт, корхонаи дӯзандагӣ дар шаҳраки Шарора, корхонаҳои хурди истеҳсоли хишти пухта ва дигар иншоот дар ҳудуди ноҳия шурӯъ шудаанд. Яке аз соҳаҳои асосии ноҳия соҳаи кишоварзӣ аст. Кишоварзони ноҳияи Ҳисор дар соли равон ба кадом дастовардҳои бузург ноил гардиданд? Дар бахши кишоварзӣ деҳқонони ноҳияи Ҳисор таҷрибаи бой дошта, анъанаи неки аҷдодони худро, ки пешаашон боғдорию зироаткорӣ буд идома медиҳанд. Сербориш омадани соли равон ба соҳаи кишоварзӣ ва кишоварзони ноҳия имкониятҳои хубу мусоидро фароҳам овард. Маҳз бо мусоид омадани боду ҳавои соли равон кишоварзони ноҳия 1198 тонна сабзавот, 252 тонна зироатҳои полезӣ, 907 тонна картошка беш аз 200 тонна зағер, зиёда аз 420 тонна мева ва 590 тонна ангур ҷамъоварӣ намуданд ва ғунучини ҳосили меваю сабзавот дар хоҷагиҳо ҳанӯз идома дорад. Дар соли равон дар ноҳия майдони кишти пахта 1744 гектарро ташкил намуд. Хоҷагиҳои Зироаткорӣ, 50-солагии Октябр, Латиф Муродов, Ватан, Боғистон ва ба номи Карл Маркс аз иҷрои нақшаи истеҳсоли пахта бо сарбаландӣ баромаданд. Дар арафаи иди Меҳргон тамоми пешқадамони соҳаи кишоварзии ноҳия бо тӯҳфаҳои молию пулӣ қадрдонӣ шуданд. Зикр кардан ба маврид аст, ки солҳои охир дар ноҳия ба рушди боғдорӣ аҳамияти махсус дода мешавад. Дар ин давра хоҷагиҳои ноҳия дар майдони 250 гектар боғу токзорҳои нав бунёд намуданд, ки аз он 150 гектарашро токзор ва 100 гектарашро боғ ташкил медиҳад. Дар масъалаи пиллапарварӣ ноҳияи Ҳисор солҳои охир ба муввафақиятҳои калон ноил мегардад. Соли равон пиллапарварони ноҳия дар ҷумҳурӣ яке аз аввалинҳо шуда истеҳсол ва фурӯши пилларо барзиёд иҷро намуда, ба ҷои 30 тоннаи дурнамои тасдиқшудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 40 тонна пила истеҳсол карданд. Соли 2009 хоҷагиҳои ноҳия ҳудуди 20 ҳазор тонна ғалла барои таъмини эҳтиёҷоти ҷумҳурӣ ва ноҳия ҷамъоварӣ намуданд, ки нисбати соли гузашта беш аз 8 тонна зиёд аст. Ҳосилнокии ғалла ба ҳисоби миёна 35 сентнерӣ ва дар заминҳои обӣ бошад 45-50 сентнериро ташкил менамояд. Бо назардошти ҷамъоварии ҷуворимакка дон ва шолӣ истеҳсоли ғалла ба 30 ҳазор тонна расонида хоҳад шуд. Дар сатҳи ноҳия бошад бо назардошти хоҷагиҳои аҳолӣ истеҳсоли ғалладона наздики 38 тонна расонида шуд. То ҷое мусаллам сарзамини бостонии Ҳисор таърихи қадимаи беш аз се ҳазорсола дорад. Ҷиҳати таҷлили ин санаи таърихӣ оё аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор ва Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҳисор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоде равон карда шудааст? Нисбати масъалаи таҷлил намудани 3000-солагии тамаддуни Ҳисори бостон ба унвонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб пешниҳод карда шудааст, ки он алҳол мавриди баррасӣ қарор дорад ва умед аст, ки дар ояндаи наздик дастгирӣ меёбад. Ҳамчунин, Мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Ҳисор, ки бо номи Қалъаи Ҳисор маъмул аст, ҳамчун ёдгории беназири таърихӣ ба рӯйхати Созмони ҷаҳонии мероси фарҳангии ЮНЕСКО дар мавзӯи «Силсилаиншооти бузурги Роҳи абрешим» дар қатори ёдгориҳои дигари таърихии Тоҷикистон ба мисли Тахти Сангин, Қалъаи Ямгун, Маъбади буддои Аҷинатеппа, Панҷакенти қадим, Бунҷикат, шаҳраки Ҳулбук, Хоҷа Машҳад қабул гардид. Ман фикр мекунам, ки ба рӯйхати Созмони ҷаҳонии мероси фарҳангии ЮНЕСКО дохил шудани ин ёдгории таърихӣ барои таъмиру таҷдиди он имкониятҳои васеъ фароҳам хоҳад омад. Чанде пеш мардуми тоҷик 15-умин солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукӯҳи хоса таҷлил намуданд. Нақши Сарқонуни асосии кишварро дар рушди давлатдории навини тоҷикон чӣ гуна арзёбӣ менамоед? Воқеъан Конститутсия (Сарқонун) барои ҳар як миллат шиноснома, санади муқаддасу сарнавиштсоз ва таҷассумгари мақсаду иродаи мардум ҷиҳати расидан ба ормонҳои миллӣ аст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъди истиқлолияти давлатӣ ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид, дар муайян намудани низоми давлатдорӣ, таҳкими пояҳои давлатдории тоҷикон, рушди ҷомеаи навини он нақши муассир ва тақдирсоз гузошт. Маҳз бо қабули Конститутсия давлати ҷавони Тоҷикистон дар роҳи бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор гузошта, ба дастовардҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ ва баланд гардидани обрӯю нуфузаш дар арсаи байналмилалӣ мушарраф гардид. Бояд гуфт, ки Конститутсия ҳамчун қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии рушди ҷомеаро муҳаё сохт. Дар кишвар парлумони ду палатагӣ ташкил карда шуд, ки нақши он дар эҷод ва таҳияи қонуну қарорҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ, таҳкими қонуният дар ҷомеа беназир аст. Дар арафаи таҷлили 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли бузургдошти Имоми Аъзам аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон имзо шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» шаҳодати арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон дар ҷомеа, яке аз меъёрҳои Конститутсия буда, таҷассумгари сиёсати инсонпарваронаи Сардори давлати Тоҷикистон мебошад. Ташаккур барои сӯҳбати самимӣ. Мусоҳиб, Марзия Саидова.