М.УБАЙДУЛЛОЕВ ОМОДАГИИ ПОЙТАХТРО БА СОЛИ НАВ БАРРАСӢ НАМУД
Душанбе, 8 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷараёни ҷаласаи кории шаҳрдорӣ таваҷҷӯҳи раисони ноҳияҳо, масъулини сохторҳои назорати давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидори шаҳрро ба риояи қоидаҳои зиддисӯхторӣ ва таъмини лавозимоту таҷҳизоти оташнишонӣ дар тамоми иншооти мавҷудаи пойтахт нигаронид. Раиси шаҳр бо хулоса аз сӯхтори 6 ноябри соли 2009 дар шаҳри Перми Федератсияи Русия баамаломада, ки бар асари истифодаи нодурусти пиротехника 112 нафар ҳалок гардид, ба Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе дастур фармуд, ки ҷиҳати пешгирии ин гуна ҳолатҳо корҳои профилактикию таблиғотиро дар пойтахт пурзӯр намояд. М. Убайдуллоев аз прокурори шаҳр тақозо намуд, ки ҳолати иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор» –ро аз тарафи шахсони воқеию ҳуқуқӣ зери назорати доимӣ қарор диҳад. Дар робита Раёсатҳои гумрук ва корҳои дохилии шаҳрро муваззаф сохт, ки ҷиҳати воридоти ғайриқонунии маводи пиротехникии ба стандарти давлатӣ ҷавобгӯ набуда, манъи фурӯши он дар ҷойҳои ғаримуқаррарӣ ва истифодаи онҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бидуни сертификати сифат ва риояи техникаи бехатарӣ тадбирҳои таъхирнопазирро амалӣ созанд. Бо ин мақсад муқаррар намуд, ки комиссияи босалоҳияти депутатӣ дар ҳамкорӣ бо масъулини сохторҳои назорати давлатӣ ҳолати феълии зиддисӯхтории тамоми ташкилоту муассисаҳо, идораву корхонаҳо ва фонди манзилро новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ мавриди санҷиш қарор дода, тибқи талаботи қонунгузории амалкунанда чораҳои пешгирикунандаро роҳандозӣ намоянд. Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаи омодагии пойтахт ба истиқболи Соли нави мелодӣ баррасӣ гардид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд






