МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ ҲАМАГӢ 5, 3 ФОИЗ АФЗУДААСТ
Душанбе, 25 декабр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар корхонаҳои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои январ – ноябри соли 2009 ба маблағи 1367,0 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 2,3 фоиз зиёд аст. Дар корхонаҳои коркарди пахта дар давоми 11 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 432,9 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба як соли пеш 14,8 фоиз кам аст. Корхонаҳое, ки дар ҳайати вазорату идораҳо ҷумҳурӣ нестанд, дар моҳҳои январ – ноябри соли ҷорӣ ба маблағи 2508,4 млн. сомонӣ мол истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли 2008 11,2 фоиз кам аст. Аз рӯи тақсимоти минтақавӣ дар ин муддат- (январ – ноябри соли 2009) ҳамаи корхонаҳои вилоятҳо ва шаҳри Душанбе афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро таъмин кардаанд, -иброз доштанд дар Кумитаи давлатии омор ба мухбири АМИТ «Ховар».








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






