МАҲСУЛОТИ СУҒД МУСТАҚИМАН БА АВРУПО СОДИРОТ МЕШАВАД

Декабрь 18, 2009 11:28

                   Душанбе, 18 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар ҳудуди вилояти Суғд 9 корхонаи муштарак бо ИМА ва 7 корхонаи муштарак бо Британияи Кабир фаъолият мекунанд, ки ҷиҳати коркарди маҳсулоти ватанӣ ва мустақиман содирот кардани он ба Аврупо мусоидат мекунанд. Ин масъала зимни мулоқоти раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо cафирони фавқулода ва мухтори ИМА ва Британияи Кабир дар Тоҷикистон Кеннет Гросс ва Тревор Мурро баррасӣ гардид. Зимни мулоқот зикр гардид, ки тайи солҳои охир ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Тоҷикистону Амрико ва Британия вусъати тоза гирифта, оид ба амалӣ намудани лоиҳаҳои гуногун аз ҷониби созмонҳои хориҷӣ таваҷҷӯҳи махсус бояд дод.                     Дипломатҳои хориҷӣ мӯътакид бар онанд, ки таҷрибаи Иёлоти муттаҳидаи Амрико ва Британияи Кабир дар раванди созмон додани минтақаҳои озоди иқтисодӣ пешқадам маҳсуб ёфта, онҳо баҳри ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар ин самт мусоидат хоҳанд кард.                      Мавриди ёдоварист, ки дар давоми 11 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 42 кишвар ба маблағи 81, 8 миллион доллари ИМА кӯмак кардаанд, ки 36 фоизи ин кӯмакҳо аз Амрико ворид шуда, саҳми Россия 16 фоиз, Қазоқистон 13 фоиз, Латвия 9 фоиз ва Олмон 6 фоизро ташкил медиҳад.

Декабрь 18, 2009 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд