МАЪРАКАИ ХАЙРИЯ БАРОИ БАЧАГОН

Декабрь 24, 2009 11:29

                 Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Бунёди хайрияи «Сарпараст» ҳамроҳи Ҷунбиши ҷамъиятии «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» 27 декабр ба муносибати иди Соли Нав барои панҷ ҳазор нафар тарбиягирандагони мактаб – интернатҳо, хонаҳои бачагон ва фарзандони оилаҳои камбизоати мамлакат дар бинои Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев маъракаи хайрия мегузаронад. Барои бачагон барномаи калони идона тайёр карда шудааст.                 Директори генералии бунёди «Сарпараст» Маҳмудҷон Муродов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки ба муносибати фаро расидани Соли Нав барои тарбиягирандагони хонаҳои бачагон ва фарзандони хонаводаҳои камбизоат 10 ҳазор тӯҳфаи солинавӣ тайёр карда шуд.                  Бунёди хайрияи «Сарпараст» аз соли 1999 сар карда, ҳар сол барои бачагони эҳтиёҷманд маъракаҳои хайрия ташкил намуда, ба тарбиягирандагони мактаб – интернатҳо ва хонаҳои бачагон кӯмак мерасонад.

Декабрь 24, 2009 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид