МАЪРАКАИ ХАЙРИЯ ДАР МАСКАВ
Маскав, 18 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Шӯрои ҳамкории гуманитарии мамлакатҳои ИДМ ва Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии давлатҳои ИДМ дар шаҳри Маскав маъракаи хайрия гузарониданд. Дар маросими ифтитоҳи он намояндагони аҳли зиё, эҷодкор, олимон, ходимони фарҳанг ва сафирони мамлакатҳои ИДМ, роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ИДМ, вазорату идораҳои Русия, намояндагони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ иштирок доштанд. Аз Тоҷикистон дар ин ҷамъомад вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов, муовини вазири фарҳанг Фароғат Азизӣ, мудири шӯъбаи масъалаҳои ИДМ – и Дастгоҳи Президенти мамлакат Ф.Қосимова, сафири кабири Тоҷикистон дар Маскав Абдулмаҷид Достиев ва дигарон ширкат варзиданд. Ҳадафи маъракаи хайрия расондани кӯмаки бебозгашт ба муассисаҳои маориф, хонаҳои бачагон, интернатҳо, китобхонаҳо ва ветеранҳои ҷанги мамлакатҳои ИДМ мебошад. Имсол аз ҷумла, ба муассисаҳои махсуси табобатии бачагони нобинои 8 мамлакати Иттиҳод кӯмак расонида мешавад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки аз ҷумла, ба мактаб – интернати бачагони нобинои Ҷумҳурии Тоҷикистон телевизорҳои дорои экрани калонҳаҷм ва бозичаҳои махсус барои нобиноён тӯҳфа карда хоҳад шуд. Инчунин Донишгоҳи техникии ба номи академик Осимӣ ба 230 шумораи маҷаллаҳои илмии электронӣ бепул обуна карда мешавад. Дар қисмати хотимавии ҷамъомад ҳунармандони Оркестри симфонии ҷавонони ИДМ, аз ҷумла ҳунарманди тоҷик Азалия Галиаҳмадова ҳунарнамоӣ карданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






