МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ КӮДАКОН
Хоруғ, 7 декабр. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Дар деҳаи Питоби ноҳияи Шуғнон Маркази омӯзишии кӯдакон расман ифтитоҳ ёфт, ки дар он беш аз 40 нафар кӯдак ба омӯзишу парвариш фаро гирифта шудаанд. Тавре масъулини Донишкадаи такмили маълумоти касбии омӯзгорони вилоят Гулдавлат Бозичаева иттилоъ дод, Бунёди Оғохон дар ҳамбастагӣ бо Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид, мақомоти давлатӣ ва муассисоти омӯзишу парвариш дар ҷумҳурӣ тасмим гирифтааст, ки дар доираи нақшаи омӯзиши кӯдакони давраи томактабӣ дар минтақаҳои кӯҳистони мамлакат марказҳои омӯзиши кӯдаконро таъсис диҳад ва маркази қарияи Питоб нахустгоми ин нақша аст. Ба гуфтаи Г. Бозичаева, ҳоло дар Донишкадаи такмили маълумоти касбӣ ба 29 нафар мураббиён маҳорати кор кардан ба кӯдакон омӯзонида мешавад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






