МАВҚЕИ ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАДВАЛИ ФИФА

Декабрь 17, 2009 17:00

                  Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — 16 декабр Федератсияи байналхалқии футбол — ФИФА ҷадвали ҷойгиршавии дастаҳои мунтахаби ҷаҳонро оид ба футбол барои соли 2009 муайян кард. Дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол дар ин ҷадвал дар байни 207 давлатҳои ҷаҳон ҷои 165-ро ишғол мекунад. Дар қитъаи Осиё дастаи миллии Тоҷикистон дар қатори 47 мамлакат сазовори ҷои 35 гашт.                   Дар як моҳи охир дастаҳои миллии футбол ҳамагӣ 30 бозӣ барпо карданд, бинобар ҳамин дар қисмати болоии ҷадвали ФИФА тағийроти ҷиддӣ ба амал наомад. Дастаи беҳтарин сол дастаи мунтахаби Испания дониста шуд, ҷой дуюм насиби дастаи футболи Бразилия гашт. Ҷадвали нави ФИФА 3 феврали соли 2010 тартиб дода хоҳад шуд.

Декабрь 17, 2009 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд