МУЛОҚОТҲОИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СИНГАПУР
Душанбе , 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ зимни сафари расмиаш ба Ҷумҳурии Сингапур 7 декабр бо вазири корҳои хориҷии ин мамлакат Ҷорҷ Йео мулоқот кард. Зимни сӯҳбат масъалаҳои дорои аҳамияти минтақавию байналхалқӣ ва роҳҳои ривоҷ додани муносибатҳои дуҷониба муҳокима шуданд. Мусоҳибон ба мақсад мувофиқ донистанд, ки барои беҳтар сохтани муносибатҳои дуҷониба гурӯҳи тоҷирону соҳибкорони тоҷик соли 2010 ҳамроҳи Президенти Тоҷикистон ба Сингапур сафар кунанд. Ҳамрохон Зарифӣ дар бораи дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи сохтмони иншоотҳои стратегии вобаста ба баровардани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ, рушди соҳаи гидроэнергетика ва сохтмони корхонаҳои саноатӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ сухан ронд. Вай ба мусоҳибаш дар бораи кафолатҳо ва имтиёзҳои Ҳукумати Тоҷикистон сухан ронд, ки ба сармоягузорони хориҷӣ дода мешавад. Ҳ.Зарифӣ ҳамон рӯз бо вазири муҳити зист ва захираҳои оби Сингапур Ёқуб Иброҳим мулоқот анҷом дод. Мувофиқи маълумоти Ё.Иброҳим, Сингапур 30 фоизи оби ошомиданиро аз Малайзия харида, баъди истифода онро тоза карда, боз ба Малайзия бармегардонад. Ҳ.Зарифӣ ба ин таҷрибаи Сингапур мароқи калон зоҳир намуд ва онро қобили пайравӣ номид. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон 7 декабр инчунин бо вазири тиҷорат ва саноати Сингапур Лим Хен Киён мулоқот анҷом дод. Дар ҷараёни сӯҳбат роҳу усулҳои ривоҷ додани ҳамкории тиҷоратӣ ва саноатии ҳар ду кишвар баррасӣ шуданд. Вазири тиҷорат ва саноати Сингапур зикр намуд, ки зимни сафари Президенти Тоҷикистон ба Сингапур дар соли 2010 гузаронидани мулоқоти соҳибкорону тоҷирони ҳар ду кишвар ба мақсад мувофиқ мебошад. Ҳамрохон Зарифӣ зимни мулоқоташ бо кормандони Федератсияи соҳибкорони Сингапур дар бораи имтиёзҳои муқаррарнамудаи Тоҷикистон барои соҳибкорони хориҷӣ ва ислоҳоти соҳа сухан ронд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






