МУЛОҚОТ БО ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР МАСКАВ
Душанбе, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). – Дар Маскав бо иштироки муовини директори Бюрои ҳамоҳанг сохтани мубориза ба муқобили ҷинояти муташаккилона дар қаламрави ИДМ, генерал – майори милиса Ҷӯрахон Зоиров ва намояндагони бюрои мазкур бо донишҷуёни тоҷик мулоқот баргузор гардид, ки дар Донишгоҳи вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия дар Маскав таҳсил мекунанд. Ҷурахон Зоиров дар назди ҳозирон сухан карда, зикр намуд, ки риояи интизом ва тартибот дар фаъолияти касбии кормандони ВКД нақши асосӣ мебозад. Онҳо бояд таҷрибаи насли калонсолро омӯхта, баъдан таҷрибаи худро ба ҷавонон омӯзонанд. Қайд карда шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон барномаи махсуси омода сохтани кадрҳоро барои тамоми соҳаҳои иқтисодиёт таҳия кардааст ва иҷрои он давом дорад. Мувофиқи фармони вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар нафар корманди намояндагии вазорат дар шаҳри Маскав ба мактабҳои олие вобаста карда шудаанд, ки донишҷӯёни тоҷик дар онҳо таҳсил доранд. Кормандони намояндагӣ ба беҳтар сохтани сифати таҳсил ва шароити кору зиндагии донишҷӯён ҳамаҷониба мусоидат мнамоянд. Котиби матбуоти намояндагӣ ВКД Тоҷикистон дар Маскав Дилбар Хоҷаева ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки чунин вохӯрию мулоқотҳо бо донишҷӯён дар ҳамаи шаҳру вилоятҳо ва мактабҳои олии Русия гузаронида мешаванд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






