МУЛОҚОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ПРЕЗИДЕНТҲО ДАР АЛМААТО
Душанбе, 18 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). – Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев сарони давлатҳои Арманистон Серж Саргсян, Белорусия Александр Лукашенко, Қирғизистон Қурмонбек Боқиев, Русия Дмитрий Медведев, Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Ӯзбекистон Ислом Каримовро даъват намуд, ки рӯзҳои 19 ва 20 декабри соли равон дар наздикии шаҳри Алмаато дар мулоқоти ғайрирасмӣ ширкат варзанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳо дар осоишгоҳи лижаронии баландкӯҳи Оқбулоқ, 35 километр дуртар аз шаҳри Алмаато баргузор мегардад. То оғози мулоқоти ғайрирасмӣ вохӯриҳои алоҳидаи сарони давлатҳои аъзои Иттифоқи гумрукҳо – Русия, Белорусия ва Қазоқистон гузаронида мешаванд. Дар бораи гузаронидани ин вохӯриҳо 27 ноябри соли равон дар Минск дар ҷараёни маҷлиси мақоми олии Иттифоқи гумрукҳо мувофиқа карда шуда буд. Хабар дода мешавад, ки мулоқоти асосии ғайрирасмии сарони давлатҳо 19 декабр дар осоишгоҳи лижаронии Оқбулоқ баргузор мегардад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






